ДАР СУҒД 61 КОРХОНА АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНД
Душанбе, 22 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Дар давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ 61 корхона ё 25,2 фоиз корхонаи саноатӣ дар вилояти Суғд аз фаъолият бозмондааст. Аз маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки аз 243 корхонаи саноатӣ 131 корхона ё ки 53,9 фоиз афзоишро нисбати ҳамин давраи соли гузашта таъмин намуда, 51 корхона ё ки 20,9 фоиз нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро кам намудаанд. Аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят танҳо ноҳияҳои Айнӣ, Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳ нисбати ҳамин давраи соли сипаригашта афзоиши маҳсулоти саноатиро таъмин карда натавонистанд. Аз 75 номгӯи маҳсулоти асосии истеҳсолшавандаи саноатӣ, дар соли ҷорӣ истеҳсоли 35 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта зиёд гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи саноати сабук 49,3 млн. сомониро ташкил дод, ки суръати афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта 113,5 фоизро дарбар гирифт. Мавриди зикр аст, ки суръати афзоиши маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд нисбати семоҳаи аввали соли 2009-ум 129,1 фоизро ташкил намуда, ба маблағи 69,9 млн. сомонӣ зиёд маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот бо нархҳои муқоисавӣ ба 310,4 млн. сомонӣ баробар шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






