ДАР СУҒД ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТ БО ВУСЪАТ МЕАФЗОЯД

Апрель 20, 2010 10:39

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд истеҳсоли маҳсулот тамоюли афзуншавӣ дошта, дар давоми се моҳи аввали соли равон 12 тонна сабзавот, 162 тонна гӯшт, 756 тонна шир ва 8 тонна пашм нисбати соли гузашта зиёд истеҳсол гардидааст, ки ҳамаи ин маҳсулот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта аз 106,3 то 117,6 фоизро ташкил медиҳад. Аз маркази иттилоот ва таҳлили Дастгоҳи раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки корҳои баҳории кишоварзӣ дар хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят босуръат идома дошта, тибқи маълумоти оморӣ то санаи 1 апрел дар майдони 43694 гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Аз ҷумла, гузаронидани кишти ғалладонагиҳои баҳорӣ дар майдони 34003 гектар, ҷуворимаккаи дон 408,2 гектар, зироатҳои техникӣ 3487 гектар, аз он пахта 183 гектар, картошка 350 гектар, сабзавот 2836 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 2579 гектар ба итмом расонида шуд. Баҳри барқарор намудани боғу токзорҳои кӯҳна, бунёди боғу токзорҳои нав, аз ҳисоби навъҳои серҳосили содиротӣ дар миқёси вилоят 860 гектар боғу токзор барқарор шуда, бунёди боғҳои нав ба санаи 1 апрели соли 2010-ум 4923 гектар ва токзорҳои нав бошад, ба 250 гектар расонида шуд. Соли ҷорӣ бунёди боғи нав дар вилоят нисбати нишондоди ҳамин давраи соли гузашта 3357 гектар зиёд буда, дар шаҳру ноҳияҳои алоҳида то 30 маротиба зиёд иҷро гардидааст.

Апрель 20, 2010 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Аҳамияти ҳуқуқии таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Президенти Тоҷикистон дар соҳаи об. Назари коршинос дар ин хусус
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе масъалаи бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Ҳайати «Шаҳри ҳушманд» бо таҷрибаи Қирғизистон дар самти рақамикунонии соҳаи тандурустӣ шинос шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад