ДАСТГИРИИ ОИЛАҲОИ КАМБИЗОАТ
Ваҳдат, 7 апрел .(АМИТ»Ховар», Зебо Давлатова).-Мудири шуъбаи иттилоотии дастгоҳи мақомоти иҷроияи шаҳри Ваҳдат Ислом Ниёзов ба хабарнигори АМИТ»Ховар» иттилоъ дод,ки дар ҷамоати деҳоти Симиганҷ деҳаи Қипчоқ аз ҷониби раиси маҳалла Абдуллоиқ Саидов тӯйи суннатии 13 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат гузаронида шуд. Инчунин, дар ин ҷамъомад ба 5 нафар иштирокчиёни ҶБВ ва собиқадорони меҳнат тӯҳфаҳои хотиравӣ ва ба маблағи 4ҳазору 600 сомонӣ ба кӯдакони тӯйшудаю собиқадорони ҷангу меҳнат саҳмияҳои НБО Роғун тӯҳфа карда шуд. Ҳамин гуна чорабинӣ дар кучаи Эшматов-и маркази шаҳри Ваҳдат аз ҷониби шаҳрванд Ҳоҷӣ Ҷамол Раҳимов гузаронида шуд, ки дар он 10 нафар фарзандон аз оилаҳои камбизоат хатнасӯр ва бештар 2 ҳазор сомонӣ ба онҳо саҳмияҳои НБО Роғун тӯҳфа карда шуд. Дар ин чорабиниҳои мазкур намояндагон аз раёсати танзим ва расму онҳо-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назди мақомоти иҷроияи Ҳукумати маҳаллии шаҳри Ваҳдат иштирок доштанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






