ДУРНАМОИ АМНИЯТИ АВРУПО
Душанбе, 5 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-«Дурнамои амнияти Аврупо», таҳти чунин унвон 8 апрел дар Қасри Таврияи Санкт-Петербург, ки қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, конфронси парлумонии байналмилалӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд. Конфронси байналмилалӣ бо ташаббуси Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ва Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо гузаронида мешавад. Дар конфронс ҳайатҳои парлумонии Ассамблеияи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Аврупо, Ассамблеи парлумонии САҲА ва дигар намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд. Дар конфронс масъалаҳои вобаста ба амнияти Аврупо мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






