ДУШАНБЕ- ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИ ИСЛОМӢ

Апрель 15, 2010 14:31

Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Таҳти унвони «Душанбе-пойтахти фарҳанги исломӣ», имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба номи А. Фирдавсӣ конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Конфронси мазкур  ба Рӯзи пойтахт ва маркази фарҳанги исломӣ эълон шудани шаҳри Душанбе дар соли 2010 бахшида шуда буд. Дар он иштирокчиён дар мавзӯҳои «Ҷойгоҳ ва аҳамияти фарҳанги исломӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон», «Нақши Имом Бухорӣ ва дигар бузургони тоҷик дар пешрафти илм ва фарҳанги исломӣ», «Инъикоси фарҳанги исломӣ дар нусхаҳои хаттии китобхона» маърӯза карданд. Дар баромади худ мудири маркази тоҷикшиносии китобхона Муҳаммадии Навид қайд намуд, ки мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки сарзамин ва миллати худро дар қадами олимону файласуфони гузаштаи хеш аз нав эҳё намоем. Дар охир дар толори намоишгоҳи китобхона намоиши китобӣ бо номи «Инъикоси тамаддун ва фарҳанги исломӣ дар осори мутафаккирони тоҷик» муаарифӣ гардид, ки дар он беш аз 100 китобу маҷалла оид ба  фарҳанги исломӣ ва пойтахти тоҷикон ба маърази тамошо гузошта шуд.

Апрель 15, 2010 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд