Э. РАҲМОН: «БА БОВАРИЮ ЭЪТИМОДИ ҶОМЕА СОДИҚ БИМОНЕД»
Душанбе, 23 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-23 апрел дар иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев тавассути овоздиҳии пинҳонӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид Инчунин, Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода муовини аввал ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Кодири Қосим муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ интихоб шуданд. Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ, Маҳмадсаид Убайдуллоев ва муовинони ӯро ба муносибати интихоб шуданашон дар вазифаҳои пурмасъулият сидқан табрик намуда, ба онҳо дар фаъолияташон ҷиҳати рушди парламентаризм, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ комёбӣ орзу намуд. Сардори давлати Тоҷикистон доир ба рушди парламентаризм дар кишвар, ибрози назар карда, гуфт, ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар тӯли 10 соли фаъолияти худ дар устувор гардонидани пояҳои давлатдорӣ, таҳкими волоияти қонун, сиёсати ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеа мақоми шоистаро касб намояд. -Ба Шумо зарур аст, ки ҷиҳати пешрафти кишвар, ташаккули иқтисодиёти миллӣ, хусусан сохтмони иншотҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар шароити пешгирии таъсирҳои вобаста ба бӯҳрони молиявӣ нақши муассир дошта бошед, зикр сохт Сардори давлати Тоҷикистон. Президенти мамлакат афзуд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бояд дар таҳияи қонунҳои нав ва такмили қонунгузории кишвар роҷеъ ба масъалаҳои оқилона истифода намудани захираҳои обию энергетикӣ сайъю талош намуда, дар таҳкими сиёсати ҳуқуқии ҷомеа саҳмгузор бошанд. Яке аз ҳадафҳои асосӣ ва стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудан ба истиқлолияти энергетикӣ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шудааст. Аз ин рӯ, бояд ҳар як аъзои Маҷлиси миллӣ бо дарки баланди масъулият дар амалӣ намудани ҳадафҳои муҳими сарнавиштсоз бо таҳияи қонунҳои нав ва такмили қонунгузорӣ, инчунин, таъмини волоияти қонун ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши боризе гузорад. Сардори давлати Тоҷикистон доир ба таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии Маҷлими миллӣ бо парлумонҳои кишварҳои дунё, бахусус парлумонҳои давлатҳои минтақа табодули назар карда, афзуд, ки самти ҳамкориҳои байнипарулмонии кишварҳои минтақа бояд дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба захираҳои обии минтақа нигаронида шаванд. Президенти мамлакат дар масъалаи мубориза бо коррупсия ва дигар зуҳуроти номатлуб ибрози назар карда, ба аъзои Маҷлиси миллӣ, ки қисмати бештарашон раисони вилояту шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд, муроҷиат намуда гуфт, ки Шумо бояд ба боварию эътимоди ҷомеа содиқ бимонед ва манфиатҳои шахсиро аз манфиатҳои миллию давлатӣ боло нагузоред ва рафтору кирдори ҳар яки мо бояд дар назди ҷомеа шаффоф бошад. Зеро ободию пешрафт ва шукуфоию осоиштагӣ ва суботи кишвар аз фаъолият ва масъулияти Шумо — намояндагони парлумон вобастагии комил дорад, афзуд дар интиҳои суханронияш Президенти ҷумҳурӣ.