Э. РАҲМОН БА СУДЯҲО МУЛОҚОТ НАМУД

Апрель 17, 2010 10:10

17 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як гурўҳ нафароне, ки ба вазифаҳои роҳбарӣ ва судяҳо дар Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ ва судҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ интихоб ё таъин шуданд,  мулоқот намуд. Дар оѓози мулоқот фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи  ба вазифаҳои роҳбарӣ ва судя дар судҳои вилоятӣ ва шаҳрию ноҳиявӣ таъин гардидани 66 нафар аз кормандони ин соҳа қироат карда шуд. Чанд нафари дигар барои интихоб шудан ба вазифаҳои роҳбарӣ ва судя дар Суди олӣ ва Суди олии иқтисодӣ пешниҳод карда шуданд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни сўҳбат бо онҳо аз талаботи давлату ҳукумат ба роҳбарият ва кормандони мақомоти судии мамлакат оид ба таъмини волоияти қонун, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, риояи адолати судӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар ёдовар шуда, дар наздашон вазифаҳои мушаххас гузошт. Таъкид гардид, ки ворид намудани як қатор таѓйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳои марбут ба ин соҳа, боло бардошта шудани салоҳияти мақомоти судӣ, зиёд гаштани шумораи воҳидҳои штатӣ ва беҳшавии тадриҷии шароити корӣ, ки  ба баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кори онҳо равона гаштаанд, масъулияти роҳбарият ва кормандони судҳоро ба маротиб афзун мегардонанд. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ҳар як судя ва дигар кормандони мақомоти судӣ, сарфи назар аз собиқа ва таҷрибаи корӣ пайваста донишу малакаи худро такмилу  сайқал диҳад ва ҳамеша дар ҷараёни таѓйирот дар қонунгузории кишвар бошанд. Ба андешаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, судяҳо ва роҳбарияту кормандони мақомоти судӣ чун намояндагони яке аз шохаҳои босалоҳияти ҳокимияти давлатӣ дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, боло бурдани маърифати ҳуқуқии мардум, ба риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ  ҳидоят намудани аҳолӣ ва пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, аз ҷумла ҳаракатҳои экстремистӣ бояд нақши намоёну муассир дошта бошанд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз он, ки баъзе аз судяҳо худашон ба ҷиноят, аз ҷумла ҷиноятҳои нангини коррупсионӣ даст мезананд, изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт, ки амалҳои ношоистаи чунин нафарон ба коста гаштани обурўйи давлату ҳукумат дар чашми мардум боис мегардад. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз арзу шикоятҳои сершумори мардум, ки ба роҳбари давлат ва Дастгоҳи иҷроияи  Президенти мамлакат мерасанд, изҳори таассуф карда, ба ҳозирин ва тамоми мақомоти судӣ баҳри бартараф намудани камбудию нуқсонҳои ҷиддӣ дар корашон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Нафарони ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ ва судя дар мақомоти судӣ пешниҳод ва таъиншуда дар навбати худ ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қавл доданд, ки бо дасту дили пок ва нияти нек ба халқу Ватани худ содиқона хизмат карда, баҳри таъмини волоияти қонун ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои самимии Президенти мамлакат ҷаҳду талош менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.     

Апрель 17, 2010 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!