Ф. САИДОВ: “БАЪЗЕ АЗ МАСЪУЛИНИ МУБОРИЗА БО ҶИНОЯТ ХУД ҶИНОЯТКОРАНД”

Апрель 27, 2010 13:56

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар давоми семоњаи аввали соли 2010 аз љониби Агентии назорати давлатии молиявї ва мубориза бо коррупсияи Љумњурии Тољикистон 206 љиноятњои коррупсионї, иќтисодии хусусияти коррупсионидошта ва љиноятњои бо андоз алоќаманд ошкор карда шудааст, ки аз љумлаи онњо 63-тоашро љиноятњои дуздї бо роњи азонихудкунї ва исрофкорї ба маблаѓи умумии зиёда аз 5, 5 млн сомонї ташкил медињад. Дар ин бора имрӯз, 27 апрел зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии мазкур Фаттоҳ Саидов иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки дар ин давра 33 адад љиноятњои вобаста ба порахурї ва ришваситонї ошкор гардидаанд, ки 30 тои он аз љониби шахсони мансабдори сохторњои давлатї   содир карда шудаанд. Дар ин муддат муфаттишони Агентї тафтишоти 55 парвандаи љиноятиро нисбати 68 нафар  айбдоршаванда бо хулосаи айбдоркунї  ба итмом расонида, барои моњиятан баррасї намудан ба судњо фиристодаанд. Дар рафти тањќиќи ибтидої ва тафтишоти пешакии  ин парвандањои љиноятї 2,6 млн сомонї зарари ба давлат расонидашуда барќарор карда шуд. “Дар рафти тафтиши парвандањои љиноятї њатто њолатњое ошкор карда шудаанд, ки кормандони прокуратура ва ВКД Љумњурии Тољикистон, ки худ масъули мубориза бо љиноят мебошанд ва кормандони суд, ки масъули пойдории адолати судї ба њисоб мераванд, ба содир намудани љиноятњои вазнин ва махсусан вазнини коррупсионї даст задаанд”, — изҳори нигаронӣ кард Ф. Саидов.  Мавриди зикр аст, ки Агентї дар давраи њисоботї 118 њолати  њуќуќвайронкунињои маъмурии хусусияти  коррупсионидоштаро  низ ошкор намуда, нисбати шахсони гунањкор љарима ба маблаѓи умумии 77 925 сомонї татбиќ карда шуд, ки то ба имрўз аз ин њисоб 64 075 сомонї руёнида шудааст.  Њамчунин Агентї дар самти дигари фаъолияти худ љињати пешгирї намудани љиноятњо ва њуќуќвайронкунињои коррупсионї дар давраи њисоботї ба роњбарони вазорату идорањо, корхона ва муассисањои дахлдор  оиди бартараф  намудани сабабу шароитњои ба коррупсия мусоидаткунанда 97 пешнињодњо   фиристонида, ба шахсони мансабдор 142 дастури хаттї додааст. Дар натиљаи баррасии ин санадњои эътиноии Агентї шахсони гунањкор ба љавобгарии интизомї кашида шудаанд.                

Апрель 27, 2010 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст