ФАЪОЛИЯТИ НОЗИРОНИ МИНТАҚАВӢ СУСТ АСТ
ВМКБ, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Л.Додо).- Дар нишасти матбуотие, ки 21 апрели соли ҷорӣ баргузор гардид, сарварони Раёсати корҳои дохилаи ВМКБ ширкат варзиданд. Дар нишасти матбуотӣ иттилоь дода шуд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ 71 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 20 адад камтар аст. Ошкоркунии ҷиноят 83,8 дарсад ва нисбат ба се моҳи аввали соли 2009 2 дарсад зиёдтар аст. Аз 19 дуздӣ ва 9 авбошӣ 6-то ошкор гардиданд. 56 нафар дар кофтукови ҷиноятӣ буданд, ки 22 нафарашон дастгир шуданд, дар се моҳи аввали соли 2009 ҳамагӣ се нафар ҷинояткор дастгир шудаанд. Аз аҳолӣ 70 адад силоҳ гирд оварда шуд. Ҳамзамон қайд карда шуд, ки фаъолияти нозирони минтақавӣ, ки чашму гӯши милиса дар маҳаллҳотанд мувофиқи талаб ба роҳ монда нашудааст. Дар сохторҳои гуногуни раёсат 40 нафар милиса, аз ҷумла дар бозрасии давлатии автомобилӣ 3-нафар намерасад. Ҳанӯз ҳам ба кормандони милиса дарафтодани авбошон ба назар мерасад.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






