ГАЗИ ҚИЗИЛТУМШУҚ КУҶО МЕРАВАД ?

Апрель 2, 2010 14:28

Қӯрғонтеппа, 2 апрел. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков ).-  Аҳолии шаҳри Қӯрғонтеппа зиёда аз 10 рӯз мешавад, ки аз истифодаи гази табиӣ маҳруманд. Дар ин бора ба мухбири  АМИТ «Ховар» Маҳмуд Хоркашов сардори корхонаи фаръии байни ноҳиявии  «Қӯрғонтеппагаз»  хабар дод. Газ натанҳо дар  маркази вилоят, балки дар шаҳри Сарбанд ва қисме аз ноҳияи Бохтар ҳам  мавҷуд нест. Дар минтақаи Қӯрғонтеппа сабаби набудани гази маҳаллии Қизилтумшуқ-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ  таъмир талаб будани 750 метр шохқубури  зеризаминии интиқоли газ будааст. Ёдрас мешавем, ки зиёда аз як сол мешавад, ки шаҳрҳои Қӯрғонтеппаю Сарбанд ва як қисми ноҳияи Бохтар аз гази  «Қизилтумшуқ»- и ноҳияи Ҷ. Румӣ истифода мекарданд.  

Апрель 2, 2010 14:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд