ГУРӮҲИ КОРӢ ФАЪОЛИЯТ ДОРАД
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани вохӯрии қарибулвуқуъ бо намояндагони беш аз 60 ташкилоту созмонҳои байналхалқию хориҷии донории мустақар дар ҶТ бобати ҷалб намудани инвеститсияҳо дар мавриди рушди минбаъдаи соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамачониба омодагӣ мегирад. Бо ин мақсад аз 25 – уми марти соли 2010 фармони вазир ба тасвиб расид, ки тибқи он гурӯҳи корӣ дар ҳайати 12 нафар бо роҳбарии муовини аввали вазир Эмин Сангинов таъсис дода шудааст. Гурӯҳ муваззаф гардидааст, ки зимни конфронс ба масоили саҳми ҳукумат дар татбиқи лоиҳаи амалкунанда, корҳои анҷомдодаи вазорат ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ дар самти ҳифзи иҷтимоии ахолӣ пешниҳоди мушкилоти мавҷудаи таъсис ва нигоҳдории ҷойҳои корӣ, муҳоҷират, ҷараёни ислохоти соҳа ва натиҷаи ҳамкориҳои дуҷониба таваҷҷӯх зоҳир намояд. Ҳамзамон гурӯҳи корӣ ба муайян намудани номгӯи ташкилоту созмонҳои донории ширкаткунанда, таҳияву омода кардани матну лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ирсоли даъватномаҳо, омода намудани матолиби нашрӣ, бейҷикҳо, таъминоту таҷҳизоти техникӣ машғуланд ва ҳар ҳафта оид ба корҳои иҷрошуда дар ҷаласаи назоратии назди вазир иттилоия пешниҳод менамояд,- иброз дошт мудири бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Ф. Фозилов ба мухбири АМИТ «Ховар».








Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад






