ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲОИ САҲА БО ТОҶИКИСТОН

Апрель 17, 2010 08:40

Душанбе, 17 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 16 апрел раиси вилояти Суғд  Қоҳир Расулзода бо сафири Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ивара Викки  мулоқот кард. Қ. Расулзода омодагии минтақаро ҷиҳати ҳамкорӣ бо ин созмони бонуфуз иброз дошта, оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталиф манфиатдор будани ҷонибҳоро таъкид намуд. Зикр гардид, ки имрӯз фаъолияти аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар вилоят хуб ба роҳ монда шуда, онҳо дар чорабиниҳои мухталифи вилоятӣ фаъолона ширкат меварзанд ва дар вилоят Шӯрои ҷамъиятӣ фаъолияти худро пурсамар пеш мебарад. «Соли равон аз ҷониби раиси вилояти Суғд қабули шаҳрвандон дар шаҳру навоҳии вилоят ба роҳ монда шудааст, ки ин ба ҳаллу фасли масоили иҷтимоии мардум ва мустаҳкам шудани робита байни аҳолӣ ва мақомоти давлатӣ мусоидат мекунад», — тазаккур дод Қ. Расулзода. Дар рафти сӯҳбат ҳамзамон ҷонибҳо оид ба ҳамкориҳо дар самти таҳким бахшидани фаъолият дар минтақаи озодии иқтисодии Суғд, таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ, гази табиӣ ва оби нӯшокӣ ибрози назар карданд. Дар рафти мубодилаи афкор мусоҳибон ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафҳо дахл намуда, баҳри тавсеа бахшидани равобити иқтисодию иҷтимоӣ манфиатдор будани хешро изҳор доштанд.

Апрель 17, 2010 08:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд