ХИЗМАТРАСОНИИ ТИББӢ ДАР КЎЛОБ
Кўлоб, 13 апрел. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холлов). — Бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Кўлоб Ҳамид Абдуллоев ва бо маблағгузории раёсати Молияи шаҳр бинои маркази саломатии № 1 аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Инчунин барои Маркази саломати маблағ барои хариди 2 дастгоҳи навтарини даҳонпизишки ҷудо гардид, ки рўзҳои наздик насб гардида, ба фаъолият шурўуъ карданд. Сардухтури марказ Бобохон Абдураҳмонов мегўяд: « инчунин бо дастгирии раиси шаҳр Ҳамид Абдуллоев барои беҳтар гаштани вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ маркази хизматрасони бо мизу курсиҳои босифат таъмин карда шуд, ки айни ҳол мувофиқ ба талабот муҷаҳаз гардонида шудаанд». Ба гуфтаи ин манбаъ дар ояндаи наздик бо дастгирии раиси шаҳр дар назди бинои Маркази Саломати 1 маркази барқароркунии саломатӣ сохта ба истифода дода мешавад, ки ин имкон медиҳад барои мардуми камбизоати шаҳр , маъюбони ҶБВ ва ашхоси ба инҳо баробар ройгон хизмат расонад. Мавриди зикр аст,ки таваҷҷуҳи раиси шаҳр нисбат ба соҳҳаҳои буҷети зиёд буда, то ин ҷониб соҳаҳои тандурусти , маориф, фарҳанг ва дигар соҳаҳои зарўри аз тарафи раёсати молияи шаҳр пурра маблағгузори гардида, роҳбарияти раёсати молия кушиш дорад, ки хизматрасониро ба аҳоли ва ташкилоту муассиаҳои буҷети ҳарчи бештар намояд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






