ИФТИТОҲИ РОҲИ ҲАВОӢ ТОҶИКИСТОНУ ПОКИСТОНРО НАЗДИКТАР МЕСОЗАД

Апрель 1, 2010 16:47

Душанбе, 1 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар шаҳри Душанбе Созишнома оид ба кушодани роҳи ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ба имзо расид. Созишномаи мазкур ба ширкатҳои ҳавонавардии ҳар ду давлат имконият медиҳад, ки парвозҳои дуҷонибаро ба роҳ монанд. Дар сурати ҳар чӣ зудтар оғоз намудани парвозҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамкориҳои мутақобилан судманди ҳар ду кишвар дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат тақвият меёбад. Аз ин рӯ, соли 2010 боз як соли дастовардҳо барои ҳарду давлат хоҳад буд. Аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки тӯли солҳои охир муносибатҳои гуногунсоҳа байни ҳар ду давлат густариш меёбанд. Танҳо дар соли 2009 байни Тоҷикистону Покистон савдои мутақобила чор маротиба афзуд. Дар баробари  сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тавсеаи муносибатҳои ҳасанаи ҳар ду кишвар саҳифаи нав боз гардид.

Апрель 1, 2010 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!