«ИМДОД» ДАР СУҒДУ БАДАХШОН ТӮЙҲОИ АРӮСӢ БАРПО МЕНАМОЯД

Апрель 29, 2010 15:59

  Душанбе, 29 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Масъалаҳои тақвияти ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар мулоқоти вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов бо роҳбари намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайидҷаводи Разавӣ баррасӣ гардиданд. Зикр шуд, ки намояндагии кумитаи мазкур дар доираи тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон, тасмим гирифтааст, ки тобистони соли равон тӯйи арӯсии 180 ҷуфт ҷавонони оилаҳои ниёзмандро дар  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон  ва шаҳрҳои Хуҷанду  Панҷакент баргузор намояд. Дар навбати худ вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов аз сатҳи ҳамкориҳои ду ниҳод ҷиҳати расонидани кӯмакҳо ва барпо намудани тӯйҳои арӯсии ҷавонони оилаҳои ниёзманд дар Тоҷикистон арзи сипос намуд. Мавриди зикр аст, ки намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ муддати 15 сол аст, ки дар Тоҷикистон фаъолият дошта, рисолати он расонидани кӯмакҳои моддӣ, тиббӣ ва таълимӣ ба ниёзмандон, маъюбон ва шахсони барҷомондаю ятимон аст. 

Апрель 29, 2010 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!