ИШТИРОКИ НАВОЗАНДАГОНИ ИДМ ДАР ФЕСТИВАЛИ ТОҶИКИСТОН

Апрель 28, 2010 13:59

Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Аз 13 то 17 май дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилали мусиқии касбии «Баҳористон» баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов хабар доданд, фестивали мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҶТ ва Институти «Ҷомеаи кушод»-и Бунёди мадади Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар фестивали мазкур навозандагон аз давлатҳои Қирғизистон, Қазоқистон, шаҳрҳои Челябинск, Новосибирск ва Москваи Федератсия Россия иштирок менамоянд. Айни ҳол дастаи навозандагони тоҷик дар арафаи омодагӣ ба баргузор намудани ин ҷашнвораи бонуфузи байналмилали мазкур мебошанд. Бинобар иттилои манбаъ фестивали «Баҳористон» ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола гузаронида мешавад. Имсол  фестивал ба 200 – солагии композиторони барҷаста Шуман ва Шопен бахшида мешавад.        

Апрель 28, 2010 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!