ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ИНТЕРНЕТ БЕШ АЗ 500 000 НАФАР
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Дар давраи ҳисоботӣ тавассути ҳамаи намудҳои нақлиёт ҳаҷми боркашонӣ ба андозаи 3 миллиону 357 ҳазор тонна ва ҳаҷми мусофирбарӣ ба миқдори 35 млн. 351 ҳазор мусофир таъмин гардид, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта мутаносибан 75,5 ва 100,1 фоизро ташкил медиҳанд, гуфт дар нишасти матбуоти вазири нақлиёт ва коммуникатсия Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Бобоев 27 апарели соли 2010. Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки иҷроиши боркашонӣ нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда тавассути нақлиёти автомобили 101,0 фоиз, нақлиёт роҳи оҳан 68 фоиз, нақлиёт ҳавои 137 фоиз, мусофирбарӣ бо нақлиёти автомобилӣ 100,2 фоиз, роҳи оҳан 75,7 фоиз ва ҳавопаймоҳоӣ 110,4 таъмин гардидааст. Аз ҷумла, тавассути нақлиёти автомобилӣ аз 12 давлати хориҷи дур ва 11 давлати Иттиҳоди давлатҳои мустақил тавассути 4 ҳазор 491 автомобил, 66,1 ҳазор тонна бор ва 16,1 ҳазор мусофир ворид гардида, тавассути 5 ҳазор 864 автомобил, 29,5 ҳазор тонна бор ва 16,4 ҳазор мусофир содир карда шуда, тариқи 3 ҳазору 932 адад автомобил 52,5 ҳазор тонна бор ва 67 ҳазор мусофир гузариши транзитӣ кардаанд. Фарогирии алоқаи барқи дар ҷумҳурӣ 4,6 муштарӣ ба 100 нафар аҳолии мамлакат ва фарогирии алоқаи мобили 68,1 муштарӣ ба 100 нафар аҳолии мамлакат рост меояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда ин нишондодҳои мутаносибан 99,5% ва 130%-ро ташкил медиҳад. Миқдори истифодабарандагони фаъоли шабакаи интернет дар ин давра бо назардошти истифодабарандагони хизмати интернетӣ тариқи пайвасти бесим 506 ҳазору 90 нафарро ташкил медиҳад. О.Бобоев, қайд кард, ки хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи алоқа ва итилоотонӣ бошад, дар ин муддат ба маблағи 3 миллону 320 ҳазору 595 сомонӣ аз ҳисоби иҷозатномадиҳи, ҷаримабандӣ ва дигар чорабиниҳои марбута ба буҷаи ҷумҳурӣ ворид намудааст.








Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






