КӮМАК БА ОМӮЗГОРОН
Қӯрғонтеппа, 23 апрел. (АМИТ «Ховар», Юсуфбек Беков).-Дар ноҳияи Шахритус ба 12 нафар омӯзгорони ҷавон қитъаи замин барои сохтмони хона ҷудо карданд. Садриддин Сайфиддинов мудири шӯъбаи маъорифи ноҳияи Шахритус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттиллоъ дод, ки дар ноҳия минбаъд қарор додаанд, ки ба омӯзгорони ниёзманд заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо намоянд.Инчунин номбурда илова намуд,ки дар макотиби ноҳия тамоми шароит ҷавобгӯи талабот буда, дар мактабҳо мушкилии нарасидани кадрҳо дида намешавад. Дар ноҳия 56 таълимгоҳ мавҷуд буда, аз он ҷумла 42 мактаби миёна, 2 мактаби асосӣ, 8 мактаби ибтидоӣ, 2 литсей, 1 гимназия ва 1 мактаб-интернат фаъолият намуда, дар таълимгоҳҳо 25 ҳазору 806 нафар хонандагон таҳсил намуда истодаанд.