КӮМАКИ ҲУКУМАТИ ҶОПОН БА ДЕҲҚОНОНИ КАМБИЗОАТ

Апрель 16, 2010 12:11

Душанбе,  16 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).-   15 апрели соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяма Ёддошти Лоиҳаи амнияти озуқавории деҳқонони камбизоатро ба имзо расонид.  Маврид ба зикр аст, ки аз соли 1977 инҷониб Ҳукумати Ҷопон кумакҳои  бебозгаштро  барои амнияти  озуқаворӣ тавассути дастрас намудани  таҷҳизоти кишоварзӣ ва нуриҳои менералӣ амалӣ мекунад. Ҳадафи аслии ин кумакҳо барои афзоиши истеҳсоли маводи озуқа дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки бо норасоии маводи  хӯрока  дучор шудаанд, мусоидат намудан аст. Барномаи мазкур дар Осиё, Африқо, Америкаи Лотинӣ, Аврупои Шарқӣ ва давлатҳои муштарак ул-Манофеъ бомуваффақият амалӣ шудааст. Ҳукумати Ҷопон, дар ҷавоб ба дархости Ҳукумати ҶТ ва бо мақсади дастгирии кӯшишҳои вусъат додани  истеҳсоли озуқа  дар Тоҷикистон, 190 миллион иенро (тақрибан 2,05 миллион доллари ИМА) баҳри амалӣ намудани лоиҳаи амнияти озуқавории деҳқонони камбизоат ҷудо менамояд.    Тракторҳо, комбайнҳо ва дигар таҷҳизоти кишоварзӣ аз тарафи Системаи ҳамкориҳои байналмиллалии Ҷопон (JICS) харидори мешавад ва Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» ҳамчун мақомоти иҷроияи лоиҳа барои таъмини деҳқонони камбизоат бо таҷҳизот тавассути фурӯш, лизинг ё иҷораи он вазифадор хоҳад шуд. Бояд қайд намуд, ки маблағи аз фурӯш  ба даст омада ба суратҳисобе, ки аз тарафи Ҳукумати ҶТ кушода мешавад, интиқол мешавад. Маблағҳои ҷамъшуда дар Хазинаи ҳамкорӣ барои дастгирии минбаъдаи деҳқонони камбизоат тавассути хариди таҷҳизоти кишоварзии замонавӣ истифода хоҳад шуд.    

Апрель 16, 2010 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад