КӮМАКИ ШИРКАТИ ДАВЛАТИИ СУҒУРТА БА ЗАРАРДИДАГОН
Душанбе, 21 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Моҳи апрели соли ҷорӣ боронҳои сел ва пай дар пай ба аҳолии ҳамаи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хисороти зиёд овард. Боронҳои сели рӯзҳои 17 ва 18 – уми апрели соли ҷорӣ боз аз нав дарёи Сурхобро ба тӯғён овард ва дар натиҷаи баланд шудани сатҳи об 57 хоҷагӣ дар деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ зарар дид, 253 сар гову моли мардум ба коми дарё рафт, беш аз 1 ҳазор гектар замини кишт зери обу лой монд, 2 сокини ноҳияи Шурообод ва як сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ба ҳалокат расиданд. Ба гуфти сардори ширкати суғуртаи давлатии минтақаи Кӯлоб Саидумар Сайфуллоев, 30 фоизи хонаҳои истиқоматии 5 ноҳияи ин минтақа қисман ва ё пурра хароб гардиданд. Ширкати суғурта ба 409 хонавода, ки қаблан бо шикати мазкур шартнома доштанд, маблаги шартномаро пурра пардохт хоҳад кард. Баъд аз аниқ шудани зарари хисорот ба ҳамаи оилаҳои зарардида баробар кӯмак расонида мешавад,- гуфт раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев телефонӣ ба мухбири АМИТ «Ховар».








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






