КИШТИ БАҲОРИИ ЗИРОАТҲО 57,9 ФОИЗ ИҶРО ШУД
Душанбе, 7 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2010 кишти баҳории зироатҳои ғалладона ба андозаи 118 ҳазору 800 гектар пешбинӣ шудааст. Бино ба маълумоти пешниҳодкардаи ҳамин манбаъ, то 5 – уми апрели соли ҷорӣ дар майдони зиёда аз 68 ҳазору 801 гектар кишти баҳории зироатҳо гузаронида шудааст, ки он баробари 57,9 фоизи дурнамо мебошад. Аз ин нишондиҳанда 42,7 ҳазор гектарашро кишти гандум ташкил медиҳад. Кишоварзони вилояти Хатлон маъракаи кишти баҳориро пурра иҷро намуданд. Дар вилояти Суғд аз масоҳати 55,9 ҳазор гектари барои кишти баҳорӣ пешбинишуда, ҳамагӣ дар масоҳати 25,3 ҳазор гектар кишт гузаронида шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






