КОМИССИЯИ ЭКОЛОГИИ ПАРЛУМОНИРО КӢ РОҲБАРӢ МЕКУНАД?
Душанбе, 14 апрел.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Рустам Латифов вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ аз ҳавзати интихоботии Восеъ №39 Раиси комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Комиссияи мазкур 14 апрел дар ҷараёни баргузории ҷаласаи навбатии иҷлосияи якуми палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон даъвати чорум созмон дода шуд. Зимни таъсис додани комиссияи мазкур Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки ҳадаф аз таъсис додани комиссияи муваққатии экологӣ дар парлумони кишвар, ҳамоҳанг сохтани кори Кумитаҳои палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон бо вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист, захираҳои табиӣ ва беҳдошти вазъи экологии кишвар аст. Назар ба иттилоъи сардори хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов, Комиссияи муваққатии экологӣ 15 вакили палатаи поёнии парлумони Тоҷикистонро дар худ муттаҳид месозад, ки дорои таҷрибаи бузург дар бахши экология мебошанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






