КОНФРОНСИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ДАР МАСКАВ
Душанбе, 8 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Субҳи имрӯз дар Маскав бахшида ба 65 – солагии ғалабаи халқҳои шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва охир расидани Ҷанги дуюми ҷаҳон конфронси байналхалқӣ оғоз ёфт. Ташкилкунандагони он Вазорати маориф ва илми Русия, Академияи илмҳои Русия ва Бунёди байнидавлатии ҳамкории гуманитарии давлатҳои ИДМ мебошанд. Дар конфронс раисон ва муовинони раисони академияҳои миллии илмҳои Озарбойҷон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Украина, роҳбарони вазорату идораҳои мамлакатҳои ИДМ, роҳбарону намояндагони созмонҳои ихтиёрии ҷустуҷӯкунандагони мамлакатҳои ИДМ иштирок доранд. Аз Тоҷикистон дар конфронс раиси Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, академик Мамадшо Илолов, директори Пажӯҳишгоҳи таърих, бостон ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш Раҳим Масов ва муовини ӯ, доктори илми таърих, профессор Виктор Дубовитский ширкат меварзанд. Мавзӯи конфронс, «Ғалаба бар фашизм ва аҳамияти он барои халқҳои ИДМ ва сулҳ» мебошад. Конфронс таҳти шиори «Мо дар ҷанг якҷоя ғалаба кардем !» баргузор мегардад. Дар конфронс инчунин намояндагони мамлакатҳои соҳили Балтика, Британияи Кабир, Олмон, Лаҳистон, ИМА ва Чин иштирок доранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






