КОРХОНАИ АЛЮМИНИИ ТОҶИК БА МУҲИТИ АТРОФ ТАЪСИРИ МАНФӢ НАМЕРАСОНАД

Апрель 3, 2010 10:13

Душанбе, 3 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). —  Тибқи хабари  баъзе   воситаҳои  ахбори оммавӣ ва  агентиҳои  иттилоотии  Русия  ва  Ӯзбекистон,  охири моҳи  март дар  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон, хусусан   дар   вилояти  Сурхондарё вобаста ба  таъсири  манфии  Корхонаи  алюминии  тоҷик ба  вазъияти  экологии минтақаҳои  наздисарҳадӣ ҷамъомадҳо  ва   намоишҳои  эътирозӣ  баргузор  гардиданд. Ташкилкунандагони  намоишҳо  ва   гирдиҳамоиҳо изҳор  намуданд, ки таваҷҷӯҳи  аҳли  ҷамъиятро ба  оқибати  таъсири  манфии  партовҳои  зарарноки  Корхонаи  алюминии  тоҷик  ҷалб  карданианд. Инчунин  намоишгарон ба  унвони  созмонҳои байналхалқӣ  муроҷиатнома  қабул  карда,  дар  зери он  имзо  ҷамъ  менамоянд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  бо баъзе  мутахассисон ва  коршиносон  ҳамсӯҳбат  шуд, ки  ба таҳқиқи  масъалаҳои олуда  гардидани   муҳити  зист  ва  безарар  гардонидани  партовҳои  корхонаҳои  саноатӣ  машғуланд. Аз  ҷумла,  муовини  сардори  Раёсати   таҳқиқоти  проблемаҳои соҳавии Маркази  тадқиқоти  стратегии  назди Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Назира  Рустамова  изҳор  намуд, ки  Корхонаи алюминии  Тоҷикистон бо  истифодаи  техника  ва технологияи  навтарину  пешқадами   даврони  Шӯравӣ  сохта шуда,  ба  ҳамаи  меъёрҳои  экологӣ  мувофиқат дорад. Техникаю  технологияи  барои  сохтмони  корхона  истифодашуда то  охири  солҳои  90 – ум дар  миқёси  байналхалқӣ  беҳтарин  эътироф  карда шуда буд. Фаъолияти  корхона  ҳамеша  таҳти назорати  давлат  қарор  дорад. Ҷараёни  хориҷ  гардидани  партовҳои  зарарнок  мунтазам  назорат  карда  мешавад ва  айни  ҳол  ба тамоми  меъёрҳои  байналмилалии  экологӣ  пурра   мувофиқат  мекунад.  Бо  камоли боварӣ  гуфта  метавонем, ки Корхонаи алюминии  тоҷик  ба  муҳити  атроф  ягон  таъсири  манфӣ  намерасонад ва  дар  бораи таҳдиди  экологии он ҳоҷати  сухан  рондан  ҳам  нест. Бояд гуфт, ки корхона  тӯли  чанд  соли охир нисбат ба иқтидори  лоиҳавии худ  хеле  кам  маҳсулот  мебарорад. Бинобар  ин  ҳаҷми  партовҳои  зарарноки  он  низ   хеле  кам  гардидааст. Комиссияҳо  ва  созмонҳои   давлатию   байналхалқӣ  фаъолияти  корхонаро  борҳо  тафтиш  ва таҳқиқ  намудаанд. Ба  вазъи  экологии  дохилии  Ӯзбекистон  бештар   корхонаҳои  саноатии  дохили он,  аз  ҳама  бештар  корхонаҳои  соҳаи  истихрочи  нафту  газ  таъсири  манфӣ  мерасонанд,  гуфт Н. Рустамова. Доктори  илмҳои техникӣ,  профессор,   директори  Пажӯҳишгоҳи  проблемаҳои  об,  гидроэнергетика  ва  экологияи  Академияи  илмҳои  Тоҷикистон  Зайнулобиддин  Кобулиев   ин  масъаларо  шарҳ  дода,  зикр  намуд, ки   ҳамаи  корхонаҳои  саноатӣ   камтар  ё  бештар  партовҳои   зарарнокро  хориҷ  менамоянд. Дар  ин  масъала  Корхонаи  алюминии  Тоҷикистон  барин  корхонаи  бузург  истисно  нест.  Таъкид  кардан  лозим  аст, ки   фаъолияти  техникии  корхона  ҳар  панҷ сол  як  маротиба  пурра  тадқиқ  карда  мешавад.  Дар  замина   дараҷаи  хориҷ  гардидани  партовҳои  зарарноки  он   муайян карда  мешаванд. Дар  мавриди  аз  меъёр  зиёд  гардидани  хориҷшавии  партовҳои  зарарнок   агрегатҳо ва механизмҳои  он  иваз ё  тармим  карда  мешаванд. Дар Корхонаи алюминии  тоҷик шӯъбаи  махсуси  ҳифзи  муҳити  зист  фаъолият  дорад. Мутахассисони он  ҳамаи  масъалаҳои  экологию  санитарию ва гигиениро   таҳти назорат  мегиранд. Бояд  гуфт, ки  дараҷаи  хориҷ  гардидани  партовҳои  зарарноки  корхона  аз   меъёрҳои   муқаррар намудаи  байналмилалӣ  зиёд  нестанд. Ғайр  аз  ин,  дар  корхона  барномаҳои   ҳисобу  китоби  хориҷ  гардидани  партовҳои  зарарноки  «Гарант – 1» ва «Радуга»  татбиқ  карда  мешаванд, ки онҳоро  мутахассисони  Санкт – Петербург  таҳия  намудаанд. Дар натиҷаи  бӯҳрони  энергетикии  мамлакат   иқтидори  истеҳсолии  корхона  хеле  коҳиш  ёфтааст.  Вобаста ба  ин  ҳаҷми  хориҷ  гардидани  партовҳои  зарарноки он  ҳам  хеле  кам  шудаанд. Аз  ин  гуфтаҳо  хулоса  баровардан  мумкин  аст, ки  Корхонаи  алюминии  Тоҷикистон ба  муҳити  атроф,  аз  ҷумла табиати   вилояти  ҳамсарҳади  Сурхондарё   ягон  таъсири  манфӣ  намерасонад. Вилояти  Сурхондарёи  Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  аз  Корхонаи  алюминии  Тоҷикистон  дар  масофаи  хеле  дур  воқеъ  гардидааст. Бинобар  ин  даъвоҳо  дар  бораи  таъсири   манфии  корхона  ба  табиати  вилоят  ва   ташкили  намоишу  гирдиҳамоиҳо   дар   ин  ҷо ягон асоси  воқеӣ  надоранд,  гуфт  олим.

Апрель 3, 2010 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст