МАҶЛИСИ ГУРӮҲИ КОРШИНОСОНИ ИДМ
Душанбе, 1 апрел. (АМИТ «Ховар»). — 30 – 31 март дар шаҳри Минск маҷлиси гурӯҳи коршиносони мамлакатҳои ИДМ баргузор гардид. Дар он роҳу усулҳои амалӣ сохтани ду банди иловагии Нақшаи тадбирҳои иҷрои даври аввали Барномаи стратегии рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2020 муҳокима шуданд. Бандҳои мазкур «Бозори меҳнат ва масъалаҳои муҳоҷират» ва «Сиёсати иҷтимоӣ — соҳаҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ» ном доранд. Аз Кумитаи иҷроияи ИДМ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки нақшаи тадбирҳои марҳилаи аввали Барномаи рушди иқтисодии ИДМ бо мақсади иҷрои қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ моҳи ноябри соли 2008 таҳия карда шудааст. Нақшаи мазкур дар соҳаҳои асосии ҳамкории иқтисодии давлатҳои ИДМ маҷмӯи тадбирҳоро дар бар мегирад. Мақсади ин тадбирҳо ба даст овардани ҳадафҳои барномаи стратегӣ дар давоми солҳои 2011 – 2020 мебошад. Гурӯҳи корӣ инчунин тадбирҳои марбут ба такмил додани заминаи меъёрию ҳуқуқиро баррасӣ намуд, ки муносибатҳоро дар соҳаи иҷтимоӣ ба низом дароварда, кафолатҳои иҷтимоиро ба шаҳрвандони мамлакатҳои ИДМ таъмин менамоянд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






