МАҶЛИСИ ШӮРОИ МАШВАРАТИИ КОРШИНОСОНИ СААД

Апрель 6, 2010 11:47

Маскав,  6 апрел. (АМИТ «Ховар», Ҳалима  Хушқадамова). —  Имрӯз дар  Санкт – Петербург  маҷлиси  шӯрои  машваратии  коршиносони  назди  Шӯрои  Ассамблеяи  парлумонии Созмони  аҳдномаи  амнияти  дастаҷамъӣ  кушода  шуд. Дар он  ҷараёни тасвиби созишномаю  қарордодҳои  дар  доираи  СААД  имзошуда,  иҷрои  қарорҳои  Шӯрои  амнияти  дастаҷамъӣ  дар  масъалаи  ташкили  қувваҳои  дастаҷамъии   вокуниши  таъҷилӣ,  лоиҳаи   тавсияҳо  дар  бобати  ҳамоҳанг сохтани  қонунҳои  миллии  давлатҳои  аъзои  созмон   дар  соҳаи  ҳамкории  ҳарбию  техникӣ,   таҳияи  феҳрастҳои  ягонаи  маводи  нашъадор ва  қонунӣ  гардонидани   мақоми  хизматчиёни  ҳарбии  Қувваҳои  дастаҷамъии  вокуниши таъҷилӣ,  инчунин  таҳияи  созишномаи  муборизаи  муштарак  ба  муқобили  ифротгароӣ ва  тайёрӣ  ба   конфронси   илмии амалӣ  дар  доираи  созмон  муҳокима  карда  мешаванд. Шӯрои  машваратии   коршиносони  назди Шӯрои  Ассамблеяи  парлумонии  СААД  моҳи  ноябри  соли  2008  ташкил  ёфта буд. Вазифаи  асосии  он  муқаррар  намудан  ва  таҳлили   пешниҳодоту  тавсияҳо  дар  масъалаи  муайян  намудани   принсипҳо  ва  муносибатҳои  ягона  дар  масъалаҳои   ҳамоҳанг  сохтани  қонунҳои  миллии  давлатҳои  аъзои  созмон  вобаста ба  фаъолияти он   мебошад.

Апрель 6, 2010 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд