МАЛАХ БА ҲУҶУМ МЕГУЗАРАД

Апрель 14, 2010 10:40

Душанбе, 14 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-   Дар Вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд, ки соли ҷорӣ барои мубориза бар зидди малах аз ҳисоби буҷа 4 млн. сомонӣ маблағ ҷудо карда шудааст. Бо сардории Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов ситоди «Мубориза зидди малах» таъсис ёфтааст. То 12 – уми апрели соли ҷорӣ дар асоси нақша мебоист дар майдони 328,8 ҳазор гектар тадқиқот оид ба тухмгузорӣ ва ҷойгиршавии малах гузаронида мешуд, аммо дар амал бошад, ҳамагӣ дар масаҳати 87 ҳазору 690 гектар тадқиқот гузаронида шудааст. Дар майдони 32 ҳазору 150 гектар малах ба ҳуҷум гузаштааст, барои мубориза бар зидди малах 17 адад трактори дорупошаки ОВХ, 289 адад дорупошакҳои дастӣ ва 458 нафар қувваи корӣ аз ҳисоби аҳолӣ сафарбар карда шудааст. Хатари паҳншавии малах дар ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Хатлон, ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд, ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор, Шаҳринав ва Рӯдакӣ зиёд аст.  

Апрель 14, 2010 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!