МАРЗБОНОНИ АФҒОН ДАР ХОРУҒ ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
Хоруғ. 29 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Чанд рӯз пеш 9 нафар афсари политсияи миллии марзбони Афғонистон ва гурӯҳи афсарони Артиши марзбони Ҷумҳурии Тоҷикистон курси аввали Маркази таълимии Хоруғро хатм намуданд. Дар фарҷоми таҳсил ба хатмкунандагон сертификатҳои дахлдор супорида шуданд. Афсарони афғон дар гузаргоҳҳои назоратии сарҳади вулусволиҳои Ишкошим, Шуғнон ва Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон хизмат хоҳанд кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Маркази таълимии марзбонон дар Хоруғ бо кӯмаки молиявии Ҳукумати ИМА соли 2006 таъсис ёфта буд. Дар ин муддат маркази мазкурро бештар аз 300 марзбони тоҷик хатм кард.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






