МАШВАРАТ ДАР МАСЪАЛАИ САРФАЮ САРИШТАИ ҚУВВАИ БАРҚ
Душанбе, 28 апрел. (АМИТ «Ховар», Людмила Дубинина). — Бо ташаббуси роҳбарияти созмони экологии «Замини хурд» дар деҳаи Дараи бедҳои ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар масъалаи сарфаю сариштаи қувваи барқ ва истифодаи манбаъҳои дигари энергия ҷамъомад баргузор гардид. Дар он теъдоди зиёди сокинони маҳаллӣ, роҳбарону намояндагони мақомоти маҳаллӣ, мактаби миёна, шифохона ва ғайра иштирок доштанд. Роҳбари созмони экологии «Замини хурд» Темур Идрисов зимни сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» зикр кард, ки деҳаи Дараи бедҳо дар наздикии пойтахт воқеъ бошад ҳам, сокинони он барои гарм кардани манзил ва тайёр намудани ғизо асосан аз ҳезум ва саргини чорво истифода мебаранд. Сокинони деҳа ҳезумро аз ҷангалзори атроф меоранд. Буридани дарахтон сабаби хароб гардидани табиат ва вазъияти ногувори экологӣ мегардад. Мутахассисон зимни машварат ба сокинони деҳа дар бораи истифодаи манбаъҳои дигари қувваи барқ ва гармӣ, аз ҷумла истифодаи қувваи офтоб, сохтмони гармхонаҳои офтобӣ ва бухориҳои каммасраф маълумоти ҷолиби диққат доданд. Дар фарҷоми машварат ба онҳо дар ин мавзӯъ наворҳо намоиш дода шуданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






