МАСЛИҲАТҲОИ СУДМАНДИ РАВОНИВУ ҲУҚУКӢ БА ЗАНОНУ ДУХТАРОН
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ЮНИФЕМ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ марказҳои иттилоотӣ-ҳуқуқию машваратӣ ва буҳронӣ таъсис додаанд, ки дар онҳо равоншиносону ҳуқуқшиносон тариқи ройгон ба ниёзмандон маслиҳат медиҳанд, қайд намуданд дар нишасти матбуотии Кумитаи мазкур. Дар давраи ҳисоботӣ дар вилояти Суғд ба ин Марказҳо 610 нафар занон ва 220 нафар мардон оид ба масъалаҳои Кодекси замин, Кодекси шаҳрвандӣ ва хушунати оилавӣ муроҷиат намуданд. Чунин Марказҳо дар ноҳияҳои Рӯшони ВМКБ, Балҷувон ва Хуросони вилояти Хатлон, Нуробод ва Ҳисор низ таъсис дода шудаанд. Инчунин, дар назди Кумита Маркази «Боварӣ» фаъолият дорад ва равоншиносону ҳуқуқшиносони кумита дар 3 моҳи соли равон 509 нафар занону духтаронро ба масъалаҳои гуногун қабул намуда, ба онҳо маслиҳатҳои судманди равониву ҳуқукӣ доданд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






