МО БА СОХТМОНИ РОҲИ ОҲАНИ БЕРУН АЗ ӮЗБЕКИСТОН ҲАМ ҚОДИРЕМ
Душанбе, 5 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).-Монеаҳои сохтаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон моро водор месозад, ки Тоҷикистон роҳи оҳани худро аз паҳлӯи он бунёд намояд,- мегӯяд узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Шодӣ Шабдолов. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вақташ дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи байнипарламентии Шӯрои Давлатҳои Мустақил таъсиси Суди иқтисодиро пешниҳод намуд, аммо бо ихтилофи Гурҷистон ин масъала қабул нагардид, Ҷумҳурии Ӯзбекистон бошад, то имрӯз узви ин ташкилот нест. Ба гуфти Шодӣ Шабдолов, сохтмони роҳи оҳан тавассути Афғонистон ба Туркманистон чандон мушкилот надорад, Бонки Осиёгӣ дар сохтмони он таваҷҷӯҳ дорад. Ҳамчунин сохтмони роҳи оҳан тавассути Қирғизистон бояд тезонда шавад, ки он Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Хитой, Россия, Қазоқистон ва Ирон хоҳад пайваст, ки дар охир аз ин худи Ӯзбекистон зарар хоҳад дид, — мегӯяд сиёсатмадор Шодӣ Шабдолов.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






