МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ПАҲН НАКАРДАНИ АСЛИҲАИ ҚАТЛИ ОМ

Апрель 7, 2010 16:55

Душанбе,  7 апрел. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих). – 12 – 13 апрел  дар  шаҳри  Душанбе  дар  мавзӯи «Масъалаҳои пешгирии паҳн  накардани  аслиҳаи  қатли ом  дар  Осиёи  Марказӣ»  конфронси  байналмилалӣ  баргузор  мегардад. Конфронси  мазкур  бо  ташаббуси  Агентии  бехатарии  ядроӣ  ва  радиатсионии  Академияи  илмҳои  ҷумҳурӣ  ва  дастгирии   Маркази  байналмилалии илмию  техникӣ  гузаронида  мешавад. Дар  конфронс   намояндагони  озмоишгоҳҳои  миллии   ядроии  дар  минтақаҳои  уқёнуси  Ором  ва  қисмати  шимолу  ғарбии  ИМА  қарордошта, агентиҳои  назорати  ядроӣ ва  атомии  Русия,  инчунин  намояндагони  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ  ширкат  меварзанд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  директори Агентии  бехатарии  ядроӣ  ва радиатсионии  Академияи  илмҳои  Тоҷикистон, академик  Ӯлмас  Мирсаидов  конфронсро   кушода,  дар он маърӯза  хоҳад  кард.

Апрель 7, 2010 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад