МУЛОҚОТҲОИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО САФИРОНИ МАМЛАКАТҲОИ ХОРИҶӢ
Душанбе, 15 апрел. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз бо сафири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Тсзо Сюелян бо хоҳиши ӯ мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба, аз ҷумла тайёрӣ ба маҷлисҳои мақомоти Созмони ҳамкории Шанхай — Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарони давлатҳои аъзои созмон муҳокима шуданд. Мусоҳибон ҳамчунин вазъияти минтақаҳои Тоҷикистонро баррасӣ намуданд, ки дар натиҷаи боришҳои тӯлонӣ зарар дидаанд. Ҳамрохон Зарифӣ инчунин 13 апрел бо сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов мулоқот анҷом дод. Дар ин мулоқот ҳам масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷонибаи ҳар ду кишвар, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналхалқӣ муҳокима шуданд. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Ю.Попов дар бораи зарари бар асари боришҳои тӯлонӣ ба баъзе минтақаҳои мамлакат расида маълумот дод. Сафири Русия дар ин масъала изҳори таассуф намуда, зикр кард, ки дар ин бора ба ҳукумати мамлакат хабар хоҳад дод. Баъдан ба ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи СҲШ ва иштироки роҳбарону намояндагони ҳар ду мамлакат дар мулоқоти навбатии созмон дахл карда шуд, ки моҳи июни соли равон дар Тошканд баргузор мегардад. Ю.Попов аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ карда, гуфт, ки тайёр аст, барномаи ҳамкории ҳар ду вазоратро барои соли 2010 имзо кунад. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ имрӯз инчунин бо иҷрокунандаи вазифаи сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Йошихиро Накаяма мулоқот кард. Зимни мулоқот дар бораи расонидани кӯмаки Ҳукумати Ҷопон ба Тоҷиистон дар масъалаи таъмини амнияти озуқа ва дастгирии фермерҳо ёддоштҳо мубодила карда шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Ҳукумати Ҷопон дар ҷавоби хоҳиши Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади дастгирии кӯшишҳо барои зиёд намудани истеҳсоли озуқа дар Тоҷикистон қариб 2,05 миллион доллари ИМА ҷудо мекунад. Бо ин маблағ барои соҳаи кишоварзии Тоҷикистон трактору комбайн ва техникаи дигари кишоварзӣ харида хоҳад шуд. Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» техникаи мазкурро ба деҳқонон ва фермерҳо фурӯхта ё ба иҷора медиҳад. Барномаи расонидани кӯмаки Ҳукумати Ҷопон 10 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегирад. Маблағи фурӯши техникаи кишоварзӣ ба ҳисоби Ҳукумати Тоҷикистон гузаронида хоҳад шуд. Ҳадафи чунин ҳамкорӣ пеш аз ҳама дастгирии фермерҳои камбизоат ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон мебошад.