МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО ФИЛИП ЛИ УЭРУ

Апрель 30, 2010 08:03

29 апрели соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки умумиҷаҳонӣ Филип Ли Уэруро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот доираи васеи масоили ҳамкорӣ, аз ҷумла стратегияи нави ҳамкории Тоҷикистону Бонки умумиҷаҳонӣ  баррасӣ шуд. Таваҷҷўҳи асосӣ ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ ва татбиқи лоиҳаҳои сершумор зоҳир гардид. Аз ҷумла таъкид гардид, ки айни ҳол дар Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ 35 лоиҳа татбиқ мешавад, ки маблағи умумии онҳо беш аз 500 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Филип Ли Уэру Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро барои андешидани чораҳои муассири зиддибўҳронӣ ва расидан ба нишондодҳои мусбии рушди иҷтимоию иқтисодӣ табрик гуфта, изҳор дошт, ки  Бонки умумиҷаҳонӣ моҳи июни соли равон масъалаи ба Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳои иловагиро барои дастгирии буҷети давлатӣ баррасӣ хоҳад кард. Аз боздиди ҳайъатҳои бонуфузи Бонки умумиҷаҳонӣ аз мавзеи сохтмони нерўгоҳи Роғун ва оғози корҳои ташкилӣ баҳри асосноккунии иқтисодию техникӣ ва иҷтимоию экологии лоиҳаи бунёди ин иншоот изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ба гуфти Филип Ли Уэру «нерўгоҳи Роғун натанҳо барои Тоҷикистон, балки барои кулли минтақа аҳамияти калон дорад». Аз ин   хотир таъкид гардид, ки   асосноккунии иқтисодию техникӣ ва иҷтимоию экологии ин  лоиҳа таҳти назорати бевоситаи Бонки умумиҷаҳонӣ дар сатҳи баланду эътимодбахш анҷом дода мешавад, то ки ҳама гуна шакку шубҳа оид ба бехатарии он бартараф карда шавад. Гуфтугўйи судманд оид ба дастгирии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон, аз ҷумла бахши пахтакорӣ сурат гирифт. Таваҷҷўҳи зиёд ба ҳаллу фасли мушкилоти сунъӣ, ки дар роҳи рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ эҷод гаштаанд ва дигар масоили мавриди таваҷҷўҳ зоҳир карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Апрель 30, 2010 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад