МУЛОҚОТИ НАВБАТИИ ВАЗИРОНИ МОЛИЯИ ДАВЛАТҲОИ ИДМ

Апрель 1, 2010 12:08

Душанбе,  1  апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза  Маҳмадбекова). —  Имрӯз дар шаҳри  Маскав   машварати  навбатии  чоруми  вазирони  молия, иқтисод  ва  роҳбарони  Бонкҳои  марказии  мамлакатҳои  ИДМ  кушода шуд.  Дар он  масъалаҳои  марбут ба  вазъи  имрӯзаи  иқтисодиёти  мамлакатҳои  аъзои   Иттиҳод, иҷрои нақшаи  тадбирҳои  муштараки  бартараф  сохтани  оқибати бӯҳрони  ҷаҳонии  молиявӣ  ва  ғайра  муҳокима  карда  мешаванд. Дар  мулоқот  вазири  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Сафаралӣ  Наҷмиддинов  иштирок  дорад. Мувофиқи  маълумоти  Кумитаи  омори ИДМ,  моҳи  январи  соли  равон  пешрафти  иқтисодии  қариб ҳамаи мамлакатҳои  ИДМ  нисбат ба  соли  2009  бештар  мебошад.  Аз  ҷумла,  афзоиши  Маҷмӯи  маҳсулоти   умумии  дохилӣ  дар  Озарбойҷон 9,2 фоиз, Арманистон 2,4  фоиз,  Белорусия 1,3 фоиз  ва  Тоҷикистон  4,2  фоизро ташкил  дод. Истеҳсоли  маҳсулоти  саноат  дар  ИДМ  8  фоиз  афзуд.

Апрель 1, 2010 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!