МУЛОҚОТИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛӢ

Апрель 28, 2010 14:56

Истаравшан,  28 апрел. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —  Раиси вилояти  Суғд  Қоҳир  Расулзода 27 апрел  468 нафар   шаҳрванди Истаравшанро қабул  карда,  бо  аризаву  шикоятҳои онҳо  шинос  гардид. Аксарияти   сокинони  маҳаллӣ  дар  бораи  нарасидани  манзил  ва тақсими  замин  сухан ронданд. Аризаи  бештар  аз 130  нафар  ба  ҷудо  кардани  замини  назди ҳавлӣ  барои  сохтмони  манзили  истиқоматӣ  ва таъмини  оби ошомиданӣ  дахл  дошт.   Қисми  зиёди  муроҷиаткунандагон  изҳор  намуданд, ки  мақомоти  маҳаллӣ  мактубу  ариза ва  шикоятҳои онҳоро  сари  вақт  баррасӣ  наменамоянд, инчунин  дар  масъалаи тақсими  замин   зимни ташкили  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ба  қамбудиҳо  роҳ  дода  мешавад. Раиси  вилоят  Қ.Расулзода баъди  анҷоми   қабули  сокинони  маҳаллӣ  дар  маҷлиси  фаъолони  шаҳр  ширкат  варзид.  Вай  ба  роҳбарияти  шаҳр  ва  ҷамоатҳо   супориш  дод, ки   вазифаҳояшонро  дар  доираи   қонуни  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  роҷеъ ба  муроҷиати  шаҳрвандон  ва  мувофиқи  дастурҳои Президенти  Ҷумҳурӣ  иҷро  намоянд.  Ҳамчунин  супориш  дода шуд, ки  барои  сохтмони  деҳкадаи  Баҳористон  аз  ҳисоби  заминҳои  лалмӣ  ва  чарогоҳ  200  гектар  замин  ҷудо  карда  шавад.  Дар  мавриди  зарурат  барои  ҳалли  проблемаҳои  шаҳр  аз  ҳисоби  буҷети  вилоят  низ   кӯмак  расонида  хоҳад  шуд,  гуфт Қ.Расулзода. Сармеъмори   шаҳри  Истаравшан  Наим Баҳриддинов  ба  мухбири  АМИТ «Ховар»  гуфт, ки  айни  ҳол   дар  ноҳия  бештар  аз  13  ҳазор  оила  барои   гирифтани  қитъаи  замин   дар  навбат  истодааст.  Агар  барои  сохтмони  деҳқадаи  Баҳористон  200 гектар  замин  ҷудо  карда шавад,  тақрибан  4000  оила  бо  замин  ва  манзил  таъмин  карда  хоҳад  шуд,  гуфт  вай.  

Апрель 28, 2010 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!