МУЛОҚОТИ ШУКУРҶОН ЗУҲУРОВ БО АБУТОЛИБ АХМЕТОВ
Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абутолиб Ахметовро ба ҳузур пазируфт. Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов ба мо иттилоъ дод, Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, сохтори ин мақоми олии қонунгузор ва намояндагӣ, савияи тахассусии вакилони Маҷлиси намояндагон ва дигар масъалаҳо мухтасар изҳори назар намуда, аз хусуси равобити дуҷонибаи миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон сӯҳбат орост. Раиси Маҷлиси намояндагон аз ҷумла аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки муносибатҳои байни ду кишвар дар тамоми бахшҳо сол то сол рушду нумӯ меёбад. Мо аз муносибатҳои дӯстонаи байни сарварҳои ду давлат ифтихор дорем, -гуфт ӯ. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қазоқистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон сазовори обрӯ ва эҳтироми зиёд мебошанд. Ин ду Президент ҳамчун сиёсатмадорони варзида ва шинохта дар арсаи байналмилалӣ низ соҳиби обрӯ ва мақоми шоиста мебошанд. Мо аз он қаноатманд ҳастем, ки Ҷумҳурии Қазоқистон имсол раисии яке аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ – Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро ба ўҳда дорад. Мо умедворем, ки Президент Н. Назарбоев ҳамчун сиёсатмадори ботаҷриба дар доираи барномаҳои фаъолияти ин созмон метавонад ҷиҳати ҳалли баъзе баҳсҳо дар минтақа нақши муҳим бар ҷой оварад. Раиси Маҷлиси намояндагон роҷеъ ба баъзе масъалаҳои вазъи минтақа ва роҳҳои ҳалли онҳо изҳори назар намуд. Вай роҷеъ ба муносибатҳои иқтисодиву тиҷоратии байни ду кишвар дахл карда, аз ҷумла, гуфт, ки ҳаҷми умумии муомилоти тиҷоратии Тоҷикистон бо Қазоқистон пас аз Россия дар ҷои дуюм қарор дорад. Ҷумҳурии Қазоқистон метавонад дар бахшҳои маблағгузорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди нерӯгоҳҳои обии барқии хурд, корхонаҳои коркарди мева ва ғайра, харидории сабзавоту мева ва дигар масъалаҳо ҳамкорӣ дошта бошад. Байни ду кишвар зиёда аз ҳафтод санадҳои гуногун ба имзо расидаанд ва ҷиҳати амалӣ намудани ин ҳадафҳо тамоми заминаи ҳуқуқиву воқеӣ вуҷуд дорад. Сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Абутолиб Ахметов Раиси Маҷлиси намояндагонро ба муносибати ба ин мақоми олӣ интихоб шуданаш табрик гуфта, ба ӯ ва ҳайати нави Маҷлиси намояндагон барори кор орзӯ намуд. Сафир низ аз ҳамкориҳои гуногуни байни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ карда гуфт, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми муомилоти соҳаҳои гуногуни байни ду кишвар метавонад ба 500 млн. доллари ИМА расад. Тарафҳо дар бораи сафари ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қазоқистон бо роҳбарии Раиси парламенти ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба мувофиқа расиданд. Онҳо инчунин дар бораи сафари ҳайати Парламентии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши парламентхои дунё дар доираи барномаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки 14-15 май дар Астана баргузор мегардад, изҳори назар намуданд.