МУЛОҚОТИ ЗАРИФӢ БО МУДИРИ КУЛЛИ ШИРКАТИ TBEA

Апрель 27, 2010 17:33

Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). 26 апрели соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ, ки дар шаҳри Пекин бо сафари расмӣ қарор дорад, бо Мудири кулли ширкати TBEA Ли Бянтсюй мулоқот анҷом дод. Вазир ба ҳамкориҳо миёни ин ширкат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳори қаноатмандии ҷониби Тоҷикистонро аз ҳамкориҳо бо ин ширкат иброз дошт.  Ӯ қайд намуд, ки маҳз ба туфайли кўшишу заҳмати мутахассисон ва кормандони ин ширкат бо анҷом ёфтани сохтмони хати баландшиддати интиқоли барқи “Ҷануб-Шимол” шабакаи ягонаи энергетикии Тоҷикистон арзи вуҷуд кард. Ҳамрохон Зарифӣ таъкид дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар симои ин ширкат ҳамкори қавӣ ва боэътимодро дида, омода аст бо он дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла, сохтмони инфрасохторҳо ҳамкориҳоро идома диҳад. Дар навбати худ Ли Бянтсяюй қаноатмандии ширкатро аз сатҳи ҳамкориҳо ва робитаҳои мавҷуда бо ҷониби Тоҷикистон иброз дошта, омодагии ширкаташро барои амалӣ намудани лоиҳаҳои нав дар ҷумҳурӣ таъкид намуд. Ӯ роҷеъ ба рафти омалишавии лоиҳаҳои ҷории ширкат дар Тоҷикистон маълумоти муфассал дода, омодагии ширкатро дар ҳарчи зудтар роҳандозӣ намудани онҳо иброз дошт. Ҳамсӯҳбатон ҳамчунин имкониятҳои дигари ҳамкориҳоро дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ намуда, омодагии худро ҷиҳати пайгирии онҳо таъкид сохтанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз ВКХ ҶТ хабар доданд.  

Апрель 27, 2010 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд