Н.БОРДЮЖА ДАР БОРАИ ВАЗЪИЯТИ ҚИРҒИЗИСТОН
Душанбе, 26 апрел. (АМИТ «Ховар»). — Муншии умумии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа дар шаҳри Алмаато зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар бораи вазъияти Қирғизистон сухан ронда, гуфт, ки вазъи сиёсии ин мамлакат ниҳоят мураккаб аст ва торафт муташанниҷтар мегардад. Ба қавли Н.Бордюжа ҳамаи ин проблемаи ноустувории ҳокимият, мақомоти муҳофизи қонуну тартибот, авҷ гирифтани фаъолияти қувваҳои ҷинояткор, кӯшишҳои тақсими моликияти давлат ва фишороварӣ ба тиҷорат мебошад. Изҳори умед карда шуд, ки тадбирҳои андешидаи ҳукумати муваққатӣ вазъиятро ба эътидол оварда, ҳокимияти олии қонунбарори мамлакатро барқарор хоҳанд кард. Николай Бордюжа изҳор намуд, ки воқеаҳои Қирғизистон кори дохилии худи мамлакат мебошад. Дар ин бобат дахолати берунӣ вуҷуд надорад. Худи қирғизҳо бояд низоми сиёсӣ ва ҳокимияти давлатиро муайян намуда, қонуну тартибот ва озодиҳои демократии шаҳрвандонро таъмин намоянд. Қайд карда шуд, ки сарони давлатҳои аъзои созмон, аз ҷумла, президентҳои Қазоқистону Русия ва сарвазири Русия барои мӯътадил гардонидани вазъияти Қирғизистон ва роҳ надодан ба оғози ҷанги дохилӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Зикр шуд, ки гурӯҳи кории созмон таҳти роҳбарии муовини муншии умумии он ба Қирғизистон фиристода шуд. Аъзои гурӯҳ бо намояндагони ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мулоқот карданд. Мо худро аз ҳалли проблемаҳои Қирғизистон дар канор намегирем. Бо вуҷуди ин, айни ҳол барои истифодаи қувваи ҳарбӣ дар Қирғизистон зарурат вуҷуд надорад. СААД ҳамчун созмони байналмилалӣ барои мӯътадил гардонидани вазъияти Қирғизистон тамоми тадбирҳоро меандешад, гуфт дар хотима Н.Бордюжа.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






