НАФАҚАХӮРОНИ НОРОЗӢ

Апрель 20, 2010 09:17

Душанбе, 20 апрел. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти оморӣ,  дар шаҳри Душанбе 43 ҳазору 919 нафар нафақагирон зиндагонӣ мекунанд. Аз онҳо 22 ҳазорашон аз рӯи синну сол ва 6 ҳазору 745 нафарашонро ашхоси аз 75 сола боло ташкил медиҳанд. Ба ҳамаи ин   45 нафар кормандони Раёсати ҳифзи иҷтимоии шаҳр хизмат мерасонад. Дар  шӯъбаи ёрии ҳифзи иҷтимоӣ бошад 95 нафар ба ҳамаи нафақагирони барҷомонда ва ба дастгирӣ эҳтиёҷманд кӯмак мерасонанд, ки ин хеле кам аст. Агар инро бо   арифметикаи  оддӣ ҳисоб кардан мумкин бошад, ба 1ҳазор нафар нафақагир 1 нафар корманди ёрии ҳифзи иҷтимоӣ  рост меояд, ки ин нокифоя аст. Оё мумкин аст, ки 1 корманди шӯъбаи ёрии ҳифзи иҷтимоӣ дар як рӯз ба хонаи 1000 нафар рафта,  ҳама корҳои бозорию пухту паз ва шустушӯяшро ба ҷо орад, албатта не. Пас роҳи ҳалли онро чӣ гунна пешбинӣ бояд кард, вақте ки дар соли 2020 шумораи нафақагирон ду баробар зиёд мешавад?

Апрель 20, 2010 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!