НАМОИШГОҲИ МОЛҲОИ ЭРОНӢ
Душанбе, 27 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 26 апрел дар боғи фарҳангу фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти корхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба кори худ оғоз намуд. Муовини аввали раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳимҷон Иброҳимов дар маросими расмии кушодашавии намоишгоҳ гуфт, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имкони хеле мусоид барои ҳамкорӣ ва робитаи кишвари мо бо мамлакатҳои хориҷӣ фароҳам овардааст, ки густариши чунин равобит дар Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври рӯшан ва возеҳ ифода ёфтааст. Қобили таваҷҷӯҳ аст, ки ҳамгироии кишвари мо, ба хосса дар муносибат бо Ҷумҳурии Исломии Эрон солҳои охир амиқан эҳсос мешавад. «Намоишгоҳи байналмилалии корхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Хуҷанд, ки имрӯз ба кори худ оғоз мекунад ва ширкатҳои ин кишвар молу маҳсулоташонро ба маърази тамошо ва ихтиёрдории хуҷандиён ва мардуми вилояти Суғд мегузоранд, нишони барҷастаи густариши ҳамкориҳои мо бо ин мамлакати ҳамҷавор ва мутараққии Шарқ аст», — тазаккур дод И. Иброҳимов. Дар ин Намоишгоҳи байналмилалӣ 25 корхонаву ширкатҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон маводу колои худро, ки иборат аз маҳсулоти саноатӣ, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои қаннодӣ, маводи озуқа ва ғайраҳо иборат аст, ба маърази тамошо ва баҳрабардорӣ гузоштаанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






