НАМОИШИ АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИК ДАР ТУРКИЯ

Апрель 3, 2010 11:12

Анқара,  3  апрел  (АМИТ «Ховар»,  Катерина  Аксакова). — Имрӯз, 3  апрел   дар  Осорхонаи  суратҳо  ва пайкараҳои  шаҳри  Анқара  ба  муносибати  таҷлили  иди  Наврӯз  намоишгоҳи  асарҳои  рассомони  Тоҷикистон  кушода  мешавад.  Ташкилкунандагони намоишгоҳ  Сафоратхонаи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Туркия,  Иттифоқи  рассомони  Тоҷикистон  ва Вазорати  фарҳанг  ва туризми Ҷумҳурии  Туркия  мебошанд. Дар  Сафоратхонаи   Тоҷикистон  дар  Туркия  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд, ки   намоишгоҳ  ба  муносибати   иди  байналхалқӣ  эълон  шудани  Наврӯз  ташкил  карда  мешавад. Дар  маросими  ифтитоҳи  намоишгоҳ  ҳайати  Тоҷикистон  таҳти роҳбарии  раиси  Иттифоқи  рассомони  мамлакат   Сӯҳроб  Қурбонов  иштирок  менамояд. Ба  ҳайат  инчунин  директори Бунёди байналмилалии  косибони Тоҷикистон – «Ҳафт  пайкар» Мукаррама  Қаюмова  шомил  мебошад.

Апрель 3, 2010 11:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад