НАШРИ ДУБОРАИ «НАМУНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК»
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз бо ибтикори кафедраи услуб ва таҳрири адабии факултаи журанлистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида солзоди Садриддин Айнӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар он ректори ДМТ Нуриддин Саидов, писари устод Камол Айнӣ, донишманди маъруфи тоҷик Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ ва устодону шогирдони донишгоҳ иштирок ва роҷеъ ба паҳлӯҳои ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ сухан ронданд. Қайд гардид, ки саҳми устод Айнӣ дар рушд ва ташаккули забони адабии тоҷикӣ, адабиёти муосири тоҷик, матбуот ва таърихи тоҷикон хеле назаррас буда, ба соҳибистиқлолии давлати имрӯзаи тоҷикон мусоидат намудаанд. Камол Айнӣ оид ба ҳаёт ва эҷодиёти падараш нақл карда, иттилоъ дод, ки бо дарназардошти саҳми арзандаи китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ривоҷи минбаъдаи таъриху адабиёт ва фарҳангу тамаддуни тоҷикон, рӯзҳои наздик нашри нави он дастраси мардум мегардад. Гуфтанист, ки устод Айнӣ бо хизматҳои иҷтимоӣ, осори илмиву таърихӣ ва адабиаш, ки оламшумуланд, номи хешро ҷовидон дар таърихи ҳам миллати тоҷик ва ҳам адабиёти ҷаҳонӣ гузоштааст.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






