НАВРӮЗ ДАР ПАРИЖ
Душанбе, 12 апрел. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – 31 марти соли ҷорӣ дар Дафтари марказии ЮНЕСКО дар Париж конфронси илмӣ дар мавзӯи «Наврӯз аз нигоҳи тамаддуни ҷаҳонӣ» бо ташабусси намояндагиҳои Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон дар созмони номбурда баргузор гардид. Дар конфронс зиёда аз даҳ маърӯзаи илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Махсусан, суханронии Раиси конфронси Генералии ЮНЕСКО Давидсон Хепбурн, сардори раёсати маданӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳои ин созмон Катерина Стеноу, сардори намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар созмони номбурда Муҳаммад Ризо Маҷидӣ ва дигарон хеле ҷолиб буданд. Давидсон аз ҷониби ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонӣ даровардани Наврӯз ва тавассути Созмони Милал эълон кардани рӯзи Наврӯзро ба сифати иди умумиҷаҳонӣ як раванди воқеии таърихӣ хонд. Ӯ қайд кард, ки Иди Наврӯз, ки собиқаи беш аз сеҳазорсола дорад аз беҳтарин анъанаҳои мардуми эронинажод маҳсуб мегардад. Дар тӯли ҳазорсолаҳо ин иди пуршукӯҳ аз ҷиҳати мазмун ва мундариҷа ғанӣ гардид, ба шаклгирии тамаддуни на танҳо мардумони форсизабон, балки бисёре аз кишварҳои Осиё, Африқо ва Аврупо таъсири хешро расонд. Ӯ бо далелҳо аз «Наврӯзнома»-и Умари Хайём асосҳои фалсафӣ ва ғояҳои ахлоқии ин ҷашни пуршукӯҳро шарҳу тафсил дод. Катерина Стеноу ҳангоми суханронӣ хотиррасон намуд, ки фарҳанги форсӣ, адабиёт ва маданияти мардуми форсизабон ва ахиран, таҷрибаи зиндагии қавмҳои эронинаджод, ки поягузори ин ҷашни бузург ҳастанд дар тӯли қарнҳо пайвандгари мардумон ва кишварҳои гуногун гаштааст. Ӯ бо такя аз рукнҳои Наврӯз таъкид ба амал овард, ки ин ҷашн на танҳо услуби хештаншиносӣ, балки фарҳанги эҳтиром гузоштан ба халқ ва қавмҳои дигар низ маҳсуб мегардад. Ба ҳамин хотир Наврӯз ҳоло яке аз пояҳои аслӣ барои гуфтугӯ ва якдигарфаҳмии тамаддунҳост. Намояндаи Тоҷикистон дар ЮНЕСКО Саймумин Ятимов дар мавзӯи «Наврӯз ва фарҳанги сулҳ» суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки Наврӯз на танҳо ҷашнвораи бузурги қадима, балки падидаи илмӣ, фалсафӣ ва экзистентсионалӣ маҳсуб мегардад. Ҷашнгирии он пояҳои амиқ ва далелҳои барҷастаи илмиро касб кардааст, ки баёнгари зуҳурот ва таҳаввулоти табиатро мувофиқи қонуниятҳои он таҷассум менамояд. Ин таҳавулот аз як тараф дар бедоршавии табиат, аз нав зиндашавии он таҷассум гардад, аз тарафи дигар ифшогари таҳавуллоти табиӣ ба хотири рушд ва идомаи сазовори ҳаёт арзёбӣ мешавад. Мувофиқ омадани Наврӯзро ба баробаршавии равшанӣ ба торикӣ ва минбаъд дастболо гаштани аввалиро аз ғояи барҷастатарини ин иди хуҷастапай тафсир намуд. Мувофиқи маънидоди эшон, Наврӯз таълимгари он ҳаст, ки кулли миллату халқҳо ва қавмияту нажодҳо аз ғоя ва маромҳои пешқадам ва тараққипарвар нерӯ бигиранд ва баҳри амалишавии онҳо дар ҳамкорӣ ва якдигарфаҳмӣ бошанд. Намояндаи Тоҷикистон фақирӣ ва нодорӣ, нооромӣ ва раванди эҷоди ташаннуҷро дар дохил ва ҳам муносиботи баъзе аз кишварҳо ҳамчун натиҷаи заифии дарки фарҳанги Рушд-расидан ба равшанӣ ва халосӣ аз торикӣ, ақибмондагӣ маънидод кард. Таъкид ба амал овард, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари Ватани Наврӯз бо эҷоди нақшаҳои созандагӣ, ки асли онро эҷоди нерӯ на танҳо барои кишвар, балки ба кулли ҳамзабонон ва мардуми минтақа ташкил мекунад, мехоҳад тараққиётро ҳамчун қосиди аслии сулҳу оромӣ дарёфт намояд. Маънии аслии Наврӯз расидан ба рӯзи нав, рӯзи нек тавассути мароми нек ва якдигарфаҳмист. Ӯ изҳори назар кард, ки дар замони ҳозира дар дунё ҳамчунон дар минтақаи Осиёи Марказӣ талоши ба мақсад расидан ба рӯшнои из ҷониби инсонҳои тараққихоҳ идома дорад. Кӯшиши миллати тоҷик дар давраи муосири таърихӣ бо раҳбарии Сарвари Давлати тоҷикон Эмомали Раҳмон аз ҳамин қабил аст. Ин амал ҷузъи муҳими амалӣ гаштани идеалҳои Наврӯз, ки сарсабзӣ, тараққиёт ва равшанипарастӣ ба хотири халосӣ аз торикӣ ва тирагӣ маҳсуб мегардад, мебошад. Фарҳанги сулҳ, осоиш ва оромиш маҳз тавассути тараққиёти иқтисодӣ ва таъминоти иҷтимоӣ имконпазир аст. Намояндаи Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки ЮНЕСКО ҳамчун бонуфузтарин ташкилоти байналмилалӣ дар Аврупо дар роҳи расидан ба идеалҳои рушди устувор ва сулҳи пойдор дар Осиёи Марказӣ, бо назардошти омили Афғонистон мисли ҳамешагӣ кӯмаки хешро дареғ нахоҳад дошт. Сафири ҶИЭ дар ЮНЕСКО Муҳаммад Ризо Маҷидӣ оиди таърихи пайдоиши Наврӯз ва инъикоси он дар маданият ва адабиёти мардуми форсизабон суханронӣ кард. Ӯ аз эҷодиёти Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз ва дигар намояндагони барҷастаи илму адаби форсу тоҷик мисолҳо оварда шукӯҳу шаҳомати Наврӯзро ба ҳозирин шарҳу тафсил дод. Ӯ таъкид кард, ки гарчанде иди Наврӯз зиёда аз ҳазор сол пеш аз Ислом арзи вуҷуд карда бошад ҳам ин ид бо маънавияти баланди худ тавонист дар анъанаҳои дини мубини Ислом ҷойгоҳи сазовор пайдо намояд. Суханронии эшон саршор аз абёти забардастони назми форсу тоҷик буд. Махсусияти Наврӯзи имсоларо Муҳаммад Ризо Маҷидӣ боз дар он донист, ки дар соли 2010 мардумони дунё, пеш аз ҳама фосизабонон ҳазораи ба анҷомрасии навишти Шоҳномаи безаволи Абулқосим Фирдавсиро ҷашн мегирад. Дар конфронс ҳамчунон сафирони Афғонистон, Озарбойҷон ва дигарон дар ЮНЕСКО суханронӣ кард. Шоми он рӯз бо иштироки сарварони ЮНЕСКО ва намояндагони дигар кишварҳо ҳайати бузурги дипломатӣ аз ҷониби ҳунармандони эронӣ шоҳномахонӣ баргузор гардид. Муҳаммад Ризо Маҷидӣ дар бораи анъанаи шоҳномахонӣ дар Тоҷикистон, эҳтиром ва шукӯҳу шаҳомати Фирдавсии бузург дар кишвари мо, «зинда будани Аҷам ба порсӣ»-и Фирдавсӣ дар сарзамини мо суханҳои нек гуфт ва сипосгузории хешро аз миллати мо изҳор намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз дафтари матбуотии намояндагии Тоҷикистон дар ЮНЕСКО хабар доданд.