НИГАРОНИИ Э. РАҲМОН АЗ МУРАККАБ БУДАНИ НИЗОМИ АНДОЗБАНДӢ

Апрель 24, 2010 11:31

Душанбе, 24 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 24 апрел, зиьни ироаи Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистонро вазифадор намуд, ки дар доираи Стратегияи рушди бозори қоғазҳои қимматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012 рушди бозори қоғазҳои қимматнок ва ташкили бозори такрории онҳоро то охири соли ҷорӣ таъмин намоянд. Пеш аз ҳама, доир ба баланд бардоштани маърифати сармоягузории аҳолӣ, интишор ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои корхонаҳои калон, ки яке аз омилҳои муҳими ҷалби сармоя мебошад, тадбирҳои судманд андешида шавад. «Масъалаҳои содда намудани низоми андозбандӣ ва оммафаҳм гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба андозситонӣ метавонанд ба рушди минбаъдаи иқтисоди миллӣ ва таҳкими имкониятҳои буҷети давлатӣ мусоидат намоянд. Низоми андозбандӣ дар кишварамон ҳоло ҳам, то андозае мураккаб буда, тақозо дорад, ки мухолифатҳои дар он мавҷуда бартараф карда шаванд ва устувориву тағйирнопазирии андозҳо таъмин карда шавад. Андозсупоранда бояд возеҳ дарк карда тавонад, ки барои чӣ ва чӣ қадар андоз месупорад», — тазаккур дод Эмомалӣ Раҳмон.                                                                                                                                                      

Апрель 24, 2010 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад