НИГЕРИЯ БО ТОҶИКИСТОН ҲАМКОРӢ КАРДАН МЕХОҲАД
Душанбе, 6 апрел. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дирӯз раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид бо директори Палатаи савдо ва саноати вилояти Отуни Нигерия Абдул Раахам Дирису ва сармоягузори ширкати «Бизнес индустрия» — и ин мамлакат Виктор Одиа мулоқот кард. Ҳадафи ташрифи меҳмонон ба Тоҷикистон ба роҳ андохтани ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат ва имзои меморандуми ҳамкории палатаҳои савдо ва саноати Нигерия ва Тоҷикистон мебошад. Ш.Саид зикр намуд, ки Тоҷикистон ба ҳамкории ҳамаҷониба бо Нигерия манфиатдор аст. Вай ба меҳмонон дар бораи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон ва соҳаҳое маълумот дод, ки ба сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷи калон доранд. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистону Нигерия дар соҳаҳои энергетика, истихроҷи маъдан, сохтмони манзил, меҳмонхонаҳо, кӯпрукҳо, роҳҳои мошингард, соҳаҳои тандурустию маориф, туризм ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ҳамкорӣ карда метавонанд. Намояндагони Нигерия изҳор намуданд, ки ба соҳаҳои гидроэнергетика, туризм ва сохтмони корхонаи нави семент дар Тоҷикистон сармоя гузошта метавонанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






