НУРОБОД МЕШАВАД ОБОД
Нуробод, 1 апрел. (АМИТ «Ховар», М. Ризвонов). — Дар хоҷагиҳои деҳқонии инфиродии ноҳияи Нуробод корҳои баҳорӣ бо суръати дучанд идома дошта, деҳқонон ба тоза намудани ҷӯйбору корезҳо ва нарм кардани бехи ниҳолҳову бунёди боғҳои нав машғуланд. Муовини аввали раиси ноҳияи Нуробод Қурбонгул Муллочаева ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, ки соли равон кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия назди худ мақсад гузоштаанд, ки дар майдони 15 га боғҳои нави замонавӣ бунёд кунанд. Хоҷагиҳои ноҳияи Нуробод то имрӯз 12,5 га боғоти нав бунёд намуда, кабудизоркунӣ ва бунёди боғҳои нав дар ҷамоатҳои деҳоти Хумдон, Муҷиҳарф, Самсолиқ ва Ҳакимӣ муташаккилона идома дорад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






