ОҒОЗИ ДАВРАИ ТАҲҚИҚИ КАЙҲОН

Апрель 12, 2010 10:51

Душанбе,  12 апрел. (АМИТ «Ховар»). —  12  апрели  соли 2010  ба  аввалин  парвози  инсон  ба  фазои  кайҳон  49  сол  пур  шуд. 12 апрели соли  1961 шаҳрванди Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои  Шӯравии  Сотсиалистӣ Юрий  Алексеевич  Гагарин  бори  аввал  дар таърихи  башарият  бо  киштии  кайҳонии  «Восток» ба  фазои  кайҳон  парвоз карда,  дар  атрофи Замин ду  маротиба давр  зад.  Ба  хотири  бузургдошти  ҳамин  воқеа  ҳар  сол 12  апрел  ҳамчун Рӯзи  ҷаҳонии  ҳавонавардӣ ва  таҳқиқоти  фазои  кайҳон таҷлил  карда  мешавад.  Бояд  гуфт, ки  Федератсияи   байналмилалии  авиатсионӣ Рӯзи  кайҳоннавардонро  ҳамчун   иди  байналхалқӣ  муқаррар  намудааст. Парвози Ю.А.Гагарин  ба  кайҳон  назарияи  имконияти  фаъолияти  инсонро  дар  кайҳон  ба  воқеият  табдил  дода,  дар  фаъолияти  инсоният  самти   нави  илмӣ — таҳқиқи  фазои  кайҳонро  ибтидо  гузошт. Ю.А.Гагарин  дар  мадори  назди  Замин ҳамагӣ 108  дақиқа  парвоз  карда буд,  имрӯз  кайҳоннавардон  дар  фазои  кайҳон   муддатҳои тӯлонӣ  парвоз  мекунанд. Инсоният  баъди  парвози  Гагарин  дар таҳқиқи  фазои  кайҳон   комёбиҳои  калон  ба  даст  овард. Одамон  баъди  ин  ба  Моҳ  баромада,  қариб  ҳамаи  ситораҳои  системаи  Офтобро таҳқиқ  намуданд.  Вале   парвози  Ю.А.Гагарин ба  кайҳон  ҳамчун  иқдоми  аввалини  инсоният  ба  сӯи  ситораҳо  дар таърих  боқӣ  мемонад.

Апрель 12, 2010 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад