ОЛИМОН ЗОДРӮЗИ АЙНИРО ҚАЙД КАРДАНД
Душанбе, 16 апрел. (АМИТ «Ховар», Сангзода Муслиҳиддин). – Ҳар сол, 15-уми апрел, дар рўзи таваллуди Садриддин Айнӣ ҷаласае унвони “Cолонаи Айнӣ” барпо мешавад, ки аҳли илму адаб ва фарҳанг перомуни ҷанбаҳои мухталифи осори устод гузоришҳои илмӣ матраҳ мекунанд. Имсол низ ҷаласаи навбатии “Солонаи Айнӣ” бо ибтикори Раёсати Академияи илмҳои ҶТ, Институти забон ва адабиёти ба номи Рўдакӣ ва Кумитаи Айнӣ баргузор шуд, ки аҳли илму фарҳангро бори дигар ба осори безаволи устод Айнӣ мутаваҷҷӯҳ кард. Сессияро Президенти АИ ҶТ М.Илолов ифтитоҳ кард ва сипас, устодон М.Имомов ва М.Абдуллоев, Б. Камолиддинов, А. Муҳаммадаминов, Ш. Раҳмонов дар мавзўъҳои “Инъикоси масъалаи тоҷикон дар рўзномаҳои узбекзабон”,”Таъсирпазирии Айнӣ аз насри классикӣ”,”Китоби пандомўзи устод” ва “Имлои забони тоҷикӣ аз назари устод Айнӣ” гузоришҳо доданд. Мавриди зикр аст, ки устод Айнӣ бо хизматҳои иҷтимоӣ, осори илмиву таърихӣ ва адабиаш, ки оламшумуланд, номи хешро ҷовидон дар таърихи ҳам миллати тоҷик ва ҳам адабиёти ҷаҳонӣ гузоштааст. Қаҳрамони халқи тоҷик- аллома Айнӣ умри худро нисори миллати тоҷик кардааст ва осоре, ки аз ў ба ёдгор мондааст, мероси ин миллат мебошад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






