ПАХТАКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН МАНФИАТОВАР АСТ?

Апрель 19, 2010 15:00

Душанбе, 19 апрел. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ноҳияи Мастчоҳ яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакори вилояти Суғд маҳсуб ёфта, тибқи маълумоти оморӣ 20 фоизи пахтаи вилоят маҳз дар ҳамин ноҳия истеҳсол мешавад. Аз ноҳияи мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар маҷмӯъ соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ мувофиқи нақша дар майдони 12 ҳазор гектар бояд кишти пунбадона гузаронида шавад. Кишти пахта дар ноҳия аз 2 апрели соли равон оғоз гардида, то имрӯз дар майдони беш аз 2 300 гектар кишт анҷом ёфтааст. Кишоварзони ноҳия ният доранд, ки то санаи 25 апрел кишти пунбадонаро пурра ба охир расонанд. Мавриди зикр аст, ки соли ҷорӣ Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон кишти 185 то 200 ҳазор гектар пахтаро ба нақша гирифтааст. Вале ин вобаста аз хоҳиши худи хоҷагиҳои деҳқонӣ аст. Соли 2009 дар ҷумҳурӣ дар майдони 165 ҳазор гектар пахта кишт карда шуда буд, ки аз он 320 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардид. Коршиносони соҳа мегӯянд, ки дар сурати аз 25 сентнер кам рӯёнидани ҳосили пахта, кишти он дар Тоҷикистон манфиатовар нест.

Апрель 19, 2010 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад